IQNA

 Париж мизбони конфронси байналмилалии "Ислом ва роҳҳои озодӣ ва тасомуҳ" 

5:11 - May 28, 2024
рақами хабар: 1569
ИКНА - Конфронси байналмилалии "Ислом ва роҳҳои озодӣ ва тасомуҳ" ба ҳиммати «ҷамъияти Ислом дар қарни бисту якум» рӯзҳои 28 ва 29 майи 2024 дар бунёди ҷаҳони Араби Париж баргузор мешавад.

Ба гузориши Индипенденти Арабӣ, баргузоркунандагони конфронси байналмилалии "Ислом ва роҳҳои озодӣ ва тасомуҳ"  эълом карданд, ки конфронси мазкур метавонад ҷойгоҳе барои гуфтугӯ дар бораи дини Ислом дар ҷаҳони муосир бошад; Ҷамъе аз коршиносон, мутахассисон, пажӯҳишгарон ва донишгоҳиён аз нуқоти мухталифи ҷаҳон дар ин конфронс ширкат хоҳанд кард.

Дар ин конфронси байналмилалӣ мавзӯъоте чун тақвияти нақши Ислом дар сабот, оромиш ва дастёбӣ ба сулҳ ва рифоҳ барои ҷавомеъи мухталиф ба вижа ҷавомеъи дорои ақаллияти мусулмон, падидаи таассуби мусулмонон нисбат ба ғайри мусулмонон ва билъакс, аҳамияти омӯзиши дини дар тақвияти тасомуҳ ва баррасии чолишҳои расонаӣ ва сиёсӣ дар бораи Ислом мавриди баҳс ва табодули назар қарор мегирад.

Ин конфронс, ки ба далели рушди ҷамъияти мусулмонон дар ҷавомеъи ғарбӣ баргузор мешавад, бистаре барои анҷоми як гуфтугӯи озод дар бораи чолишҳои муосир дар робита бо дини Ислом хоҳад буд ва талош мекунад бо иттихози рӯйкарди ислоҳӣ дар баробари ифротгароӣ ва суханони нафратпроканона, гуфтугӯи байни адёнро тарвиҷ дода ва рӯйкарди ҷадид барои мубориза бо афкори ифротӣ ироа диҳад.

Дар ин конфронси байналмилалӣ 20 шахсияти мусулмон ва ғайримуслмон аз дохил ва хориҷи кишвари Фаронса дар бораи мавзӯъоти мутааддиде дар заминаи «Ислом ва роҳҳои озодӣ ва тасомуҳ» суханронӣ хоҳанд кард.

https://iqna.ir/00HhS8

captcha